Сели харобкор дар Деваштич. Ба заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зарар расонд (ВИДЕО)

Бино ба гузориши сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Деваштич дирӯз, 20-уми июн соати 11:20 дақиқа дар деҳаҳои Басманда ва Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти И.Сомонӣ бар асари боронҳои шадид сел омад.

Сел ба заминҳои назди ҳавлигии шаҳрвандон, хоҷагиҳои ёрирасон, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои маҳалӣ зарар расонда,  ба 150 метр канали обгузар  лойқа ва сангу шағал ворид кардааст.

 Дар натиҷаи омадани сел талафотӣ ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта  нашуд. Корҳои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳо ва сокинони рустоҳо оғоз шудааст. 

Айни замон дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда кору  фаъолият мекунад ва дар кутоҳтарин фурсат мизони зарари расида муайян карда хоҳад шуд.

Видео аз саҳифаи Қамари Аҳрор дар Ютуб