Дарефти ғарқшуда аз тарафи кормандони КҲФ Тоҷикистон

  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад:   Рӯзи 2 майи соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа, дар деҳаи Якатути Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон, ноболиғ Ҷамолиддини Акбаралӣ, санаи таваллудаш 7 марти соли 2013, сокини ҳамин деҳа, бо ҳамроҳии бародараш дар доманакуҳ ҳангоми чаронидани чорво машғул буд. Бар асари боронҳои шадиди пай дар пай ва омадани сел, ӯ зери об монда, ба ҳалокат расид.   Корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ рӯзҳои 3 ва 4 майи соли 2025 аз ҷониби кормандони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (5 нафар), афсарони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон (2 нафар), ва ҳамчунин тақрибан 50 нафар сокинони деҳаи Якатут анҷом дода шуданд.   Дар натиҷа, ҷасади фавтида рӯзи 4 май, тақрибан соати 14:40 дақиқа, дар масофаи 60–66 км поёнтар аз ҷои ҳодиса — дар наздикии сарҳади ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дарёфт шуда, ба наздиконаш супорида шуд.   Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикон ва пайвандони фавтида изҳори ҳамдардии амиқ баён менамояд. Худ ва аҳли хонаводаатонро эҳтиёт намоед.  
барчасп: