Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзҳои 20 -  23 майи  соли 2025  бо мақсади санҷиши сатҳи омодагии мақомоти идоракунӣ, дониш ва сатҳи тахассусии ҳайати роҳбарикунада дар шаҳри Истиқлол, санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзуъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» гузаронд.

 Дар чорабинӣ сардори Раёсати ташкилию оперативии Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Манучеҳр Мирмаҳмадзода,  муовини сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд подполковник Ҷамшед Кучаков, ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ иштирок намуданд.

            Машқи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи аввал дар асоси бонги шартии машқ рӯзи 21 майи соли 2025 оғоз шуд. 

         Ҷаласаро Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода оғоз намуд. Сипас, намояндаи Кумита полковник Манучеҳр Мирмаҳмадзода ва муовини сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд подполковник Ҷамшед  Кучаков баромад карда, иштирокчиёни машқро бо вазъияти шартии машқ шинос намуданд.  Дар анҷоми ҷаласа Раиси шаҳр Қ.Маҳмудзода оид ба мақсаду вазифаҳои машқ сухан ронда, дар асоси ҳолати ба амал омадаи вазъияти шартии машқ ба масъулин  вазифагузорӣ намуд.

            Баъд аз гирифтани вазифаҳо  ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия ба ҷойҳои кории худ барои ташкил намудани ситодҳо ва омодагии қабули бонгҳо равона карда шуданд. 

  Мақсади гузаронидани ин машқ баланд бардоштани омодагии ҳайати шахсӣ, санҷидани тарз ва усули хабардоркунӣ, саривақт ҳозиршавии ҳайати шахсӣ ва хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, гирифтани вазифа ва супоришҳои дахлдор, ҳазамон дуруст қабул намудани қарорҳои дахлдор аз ҷониби онҳо мебошад. Марҳалаи аввали машқ   соати 16:00 дақикаи санаи 21 майи соли 2025  ба анҷом расид.

          Дар марҳилаи дуюми машқ бо истифода аз ду адад техникаи муҳандисии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин дар маҳаллаи чоруми шаҳр корҳои пешгирикунанда, тоза намудани селроҳа ва барқарор намудани  садди муҳофизатӣ гузаронида шуд.

         Сипас, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипоснома  ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол сарфароз гардонида шуданд.

           

 Д. Маликзода,

 сардори бахши кор бо

 ҷомеаи Раёсат,

 подполковник.