22 майи соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Маркази тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагон воқеъ дар деҳаи Қаратоғи н.Шаҳринав шанбегии дастаҷамъона бо ҷалби ҳайати шахсии гариизони Душанбе баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо, инчунин омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳони муосир дар самти огоҳонӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёрӣ ба аҳолии зери хавф қарордошта, бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав сохтмони Маркази тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагон дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Кумита сохтмони Маркази тамриниро барои омода намудани наҷотдиҳандагони касбӣ дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав дар ҳудуди 21,7 га заминҳое, ки ба тавозуни Кумита гузаронида шудааст, дар масофаи 47 километр дуртар аз шаҳри Душанбе сохмонро идома дода истодааст.
Айни замон чунин Маркази тамринӣ барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани офатҳои табиии дорои характери табиидошта, такмили донишҳои касбӣ ва бозомӯзии онҳо дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Маркази мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии наҷотдиҳандагон, ба роҳ мондани машқҳоимунтазами наҷотдиҳӣ, омода намудани мутахассисони нав ба хизмат қабулгардида, ҷузъу томҳои хадамотҳои наҷотдиҳӣ, инчунин омода намудани мутахассисони давлатҳои ҳамшарики Осиёи Марказӣ бо мақсади ба роҳ мондани амалиётҳои муштараки наҷотдиҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар Маркази тамринӣ наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулоддаи характери табиидошта, ба монанди заминларза, тармафораӣ, сангрезӣ, куҳнавардӣ ва наҷотдиҳандагон оид ба корҳои рӯиобию зериобӣ омода карда мешаванд. Дар марказ вобаста ба баланд бардоштани малакаи тахассусии наҷотдиҳандагон машқҳо барои наҷотдиҳандагони миллӣ ва байналмилалӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Инчунин, омӯзиш ва тайёрии дастаҳои наҷотдиҳии ихтиёрии шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
Сохтмони марҳилаи якуми Маркази миллии тамринӣ дар асоси татбиқи лоиҳаи “Устувории сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” тавассути Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардид. Дар марҳилаи якуми корҳо сохтмони хобгоҳбарои 120 нафар, ошхона барои 80 нафар, гузаргоҳ, сохтмони қубурҳо, обтаъминкунӣ, корҳои барқтаъминкунӣ, системаи гармидиҳӣ ва барқарорсозию таъмиркунии девори саҳни Марказ анҷом дода шуд. Инчунин, ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии Марказ аз ҷониби Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ се адад таҷҳизотҳои тамринӣ насб гардиданд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бошад, дар соли 2024 маблағгузории корҳои таъмирию барқарорсозии бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва болопушӣ бинои маъмурӣ-таълимӣ анҷом дода мешаванд.
Айни замон бо дастгирии Намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар маркази мазкур сохтмони “Маркази ғаввосӣ” ва “Маркази кинологӣ” идома ёфта истодааст.
Барои ташкили мукаммали рафти таълим, омода намудани наҷотдиҳандагон бояд корҳои сохтмонии зерринро ба анҷом расонид:
а) бинои маъмурӣ-таълимӣ;
б) толори баргузории конфронс;
г) нуқтаи идора ва назорати рафти машқҳои саҳроӣ;
ғ) майдони варзишӣ бо хатҳо.
Барои идомаи корҳои сохтмонии марҳилаҳои навбатӣ Кумитаро зарурат ба миён омодааст, ки ҷиҳати дарёфти маблағ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд чораандешӣ намояд.