Ҳалокати ду нафар ва маҷруҳ шудани се нафар дар як садамаи маргбор дар роҳи Айнӣ-Душанбе

26-уми майи соли 2025,  соати 09:30 дақиқа дар километри 66-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳудуди ноҳияи Варзоб, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.  Автомошинаи сабукрави  тамғаи “Mercedes-Benz”,  рақами давлатиаш tranzit 01TJ К5436Y,  ки аз ҷониби як сокини деҳаи Рохути ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ идора мешуд, бо чор мусофираш ба як ҷарии тақрибан 400-500 - метра сарозер шуд.

Бар асари ин ҳодисаи нохуш ронанда бо ду мусофираш ҷароҳати вазнин бардоштанд, ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд. 

Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти масусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумита ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, тариқи асбобҳои буранда аз дохили автомашина 3 нафар ҷароҳатбардоштагон ва 2 нафар фавтидаро бароварда,

Яке аз фавтидагон 61 сол дошту сокини деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ буд ва дуюмӣ 29 сол дошту дар Мастчоҳи Кӯҳӣ зиндагонӣ мекард.

Ин мошин аз ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд.

Сабаби садамаи маргбор дақиқ нест, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки мошин ба сабаби аз уҳдаи идораи он набаромадани ронанда ба ҷарӣ чаппа шудааст.

барчасп: