Қиссаҳои ҷуғрофӣ. ИСТИЛОИ ПЕРУ. Фоҷеаи кашшфои Перу Франсиско Пизорро. Бахши охир

Дар сафарҳои солҳои 1532—1535 испониҳо кишварҳое, ки имрӯз бо номҳои Перу, Эквадор ва Колумбия ёд мешаванд, ишғол намуданд.  Бо фармони шоҳ ҳамаи ин қаламрави ишғолӣ ба ихтиёри Пизорро супурда шуда, худи вай соҳиби унвони маркиз гардид. Алмагро губернатори ҳанӯз ишғолнашудаи Чили таъин гардид. Бо мақсади забти он 3 июли соли 1535 Алмагро аз Куско хориҷи шуд ва дар имтидоди соҳилҳои ғарбии бузургтарин кӯли баландкӯҳ дар Амрикои Ҷанубӣ Титикака равон ишуд. Ба зудӣ испониҳо тиллоеро мусодира карданд, ки қабилаҳои ҳиндуҳои ҷануб ба инкҳо ирсол карда буданд, вале тақсими ин ғанимат иштиҳои онҳоро овард. Аз ду роҳи имконпазир ба Чили Алмагро кутоҳтарини онро интихоб намуд, ки ба ҷануб аз тариқи вилоятҳои баландкӯҳ мебурд ва ҳарчанд дар он манотиқ пайдо кардани ғизо мушкил буд, вале тиллоҷӯён аз роҳ нагаштанд.

Дар роҳ  бештари ҳайат ба ҳалокат расиданд ва ин зарбаи сахте ба экспедитсия буд. Аз доманакӯх гузашта, садҳо км  ба ҷануб ҳаракат карданд ва сипас Алмагро ба самти ғарб, ба кӯҳи Анд гашт. Аз доманҳои он гузашта, испониҳо роҳи бехатари гузариш аз ин монеъаро меҷустанд. Саранҷом, дар  арзи 27° ҷанубӣ дар баландии 4726 м ағбае пайдо карданд, ки Сан-Франсиско номида шуд. Барф чашмонро хира мекард, ҳаво сард буд ва тӯфон ҳаракатро мушкил мекард. Сӯзишворӣ набуд, одамон аз сардӣ азият мекашиданд ва ба болои ин ҳама гуруснагии шадид бештар дом ангирашон шуда буд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳ ба самти баландии ҷанубиро оғоз карданд. Дар натиҷа тӯли ин муддати сафар аз чаҳор як ҳиссаи аврупоиён ва ҳиндуҳои боркаш ба ҳалокат расиданд. 

 
Диего де Алмагро-генерали испониёӣ,
аз кашшофони Чили
.

Билохира, моҳи марти соли 1536 онҳо ба водии дарёи Копяпо расиданд ва ба истироҳат қарор гирифтанд.  Дар ин ҷо испониҳо ба ҳиндуҳо наздик ба як тонна тиллои дарёфт карданд. Баъдан Алмагро қадоқади соҳили уқёнус ба ҷануб, ба Кокимбо ҳаракат кард, аз он ҷо ба ҷануб дастаи Гомес Алварадоро фиристод. Вай 750 км ба ҷануб ҳаракат кард ва Чилиро таҳқиқ намуду онро «охири олам» номид.  Ба назари вай ин кишвар кишвари биёбониву маъюскунанда буд ва сокинонаш ҳиндувҳои ҷанговари арауканҳо буданд. Моҳи сентябри соли 1536 Алмагро қафо гашт. Вай аз биёбони Атакама убур карда, ба кӯҳ баромад ва ба самти Куско равон шуд.

Ин яке аз сафарҳои мушкилтарине буд, ки конкистадорон дар Амрикои Ҷанубӣ анҷом доданд. Аммо аз нигоҳи ҷуғрофӣ пурсамартарин буд. Дастаи Алмагро пуштакӯҳи баланд ва кӯлҳо, риштакӯҳҳои баланд, водиҳои ҳосилхезро кашф кард.  Онҳо 2500 км хати соҳилро дар уқёнуси Ором ба қайд гирифтанд. Аммо испониҳо ин ҷо Перуи дуюмро пайдо накарданд.  Ва сафар тақрибан бенатиҷа буд. Алмагро худро поймолшуда тасаввур кард ва ба қароре омад, ки  адолатро бо истифода аз қувва барқарор кунад.

Соли 1537 Алмагро баргашт, ин замоне буд, ки дар Перу тазоҳуроти зиддиспаниҳо дар ҷараён буд ва он аз ҷониби императори охирини инкҳо Манко Инка Юпанка сарваӣ мешуд. Бо истифода аз вазъи сангини Пизорро Алмагро Кускоро ишғол кард ва ба мавқеъи артиши Пизорро зарба зад. Ҳамчунин бародари Пизорроро ба асорат гирифт. 8 апрели соли 1537 Алмагро худро губернатори Перу  эълон кард. 12 июл вай артиши Алонсо де Алварадоро, ки барои наҷоти бародарони Пизорро омада буд, шикаст дод. Пизорро ба ҳадафи кашол додани вақт, то ки кумак расад, бо Алмагро вориди гуфтушунид шуд, билохира ба вай муяссар гашт, ки бародаронашро озод кунад. Аммо баъди озод кардани бародараш Пизорро муоҳадаи сулҳи муваққатро ҳам нақз кард ва зидди Алмагро ба ҷанг идома дод. Вале дар ин миён беморӣ вазъи худи ӯро мушкил кард. 26 апрели соли 1538 дар Куско охирин муҳориба бо пирӯзии Пизорро ба анҷом расид. Алмарго боздошт ва сар зада шуд.


Боздошт ва қатли Диего Алмарго.
8 июли соли 1 июли соли 1538.

Бо гузашти бештар аз се сол, дар соли 1541 ҷонибдорони вай дар як сӯиқасд Франсиско Пизорроро ба ҳалокат расонданд ва писари Алмагрои кушташуда Диего Алмагро губернатор эълон намуданд. Вай низ аз ҷониби қувваҳои вафодор ба Пизорро кушта гардид. Тиллои Перу ба касе шодӣ наёвард, тиллокобон, онҳое, ки ба ивази сармояҳои беҳадду марз ҳазорон ҳиндуро қатли ому бехонаву дар карда буданд, билохира худ аз дасти ҳамдигар кушта шуданд.


Педро де Валдивия
– фотеҳи Чили.
Саранҷом ҳиндуҳои араукан
ӯро боздошт ва ба қатл расонданд.

Соли 1540 барои забти Чили ширкаткунандаи дастаи Алмагро Педро де Валдивия эъзом шуд. Ва дар ҷараёни ҳамин истило Валдивия бандари Валпараисоро (тарҷ. «Водии биҳиштӣ) асос гузошт.  Ва каме баъдтар пойтахти кунунии Чили Сантяго поягузорӣ шуд.  Аммо дар ин ҳама солҳо муборизаи ҳиндуҳо зидди испониҳои ишғолгар қатъ нашуд. Арауканҳо, ки дар асорат аз испониҳо дарси ҳарбӣ омӯхта буданд, шогирдони бомаҳорате шуданд: бонавбат чандин дастаҳои испониҳоро шикаст доданд ва соли 1553 худи Валдивияро ба асорат гирифтанд ва ба қатл расонданд. Дар тӯли се асри ҳокимияти худ испониҳо дар Амрикои Ҷанубӣ натавонистанд бар озодидӯстон ва меҳанпарастони арауканҳо пирӯз оянд. Ин мубориза тӯли ин се ср аслан хомӯш нашуда буд. 

Таҳияи Б.Шафеъ

МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: