Activities calendar

01 майи 2021

Ҷасади писарбачаи 12-сола, ки чор рӯз пеш дар Канали калони Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Канали калони Ҳисор ҷасади як писарчаи 12-соларо пайдо ва онро аз об бароварда ба волидонаш супурданд. Ин ҳодиса дирӯз, 30-уми апрел соати 12:08 дақиқа рух дод.

Писарчаи 12-сола рӯзи 26-уми апрел вақти аз мактаб...

Баргузории ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо (ВИДЕО)

30 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, нахустин ҷаласаи Платформаи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

COVID-19: 3 миллиону 165 ҳазору 999 куштаи коронавирус дар олам

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА шумори олудагон ба вируси корона дар олам ба беш аз 151 миллион расидааст. ИМА бо 32288909, Ҳинд бо 18762976 ва Бразилия бо 14590678 мубтало дар сегонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифторон ба КОВИД-19 доранд. Шумори ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар олам ба 3 миллиону 165 ҳазору 999 нафар расидааст.