Activities calendar

04 майи 2021

Дарсҳои омӯзишӣ дар Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Колеҷи давлатии тибби шаҳри Бохтар мувофиқи нақшаи таълимӣ “Омузиши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо пешниҳоди таҷҳизотҳои махсуси наҷот, дар амал нишон додани тарзи истифодабарии таҷҳизоту лавозимотҳои замонавии наҷотдиҳи”  гузаронида шуд.

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар чанд мактаби шаҳри Турсунзода

Дар муассисаҳои таълимии МТМУ-и  №23, ва МТМУ-и №68 шаҳри Турсунзода рӯзи 03 майи соли 2021 «Рўзи мудофиаи гражданӣ» дар мавзўи «Амали ҳайати нерўҳои ғайриҳарбӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта (заминларзаи 6-7 балла)» ва гузаронидани корҳои безараргардонӣ аз бемориҳои сироятӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабини гузаронидани корҳои наҷот...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадид ва раъду барқ дар кишвар

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми май дар як қатор ноҳияҳои мамлакат (ғайр аз ВМКБ) борон меборад, раъду барқ мешавад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ аз шиддати боронҳои шадид омадани сел эҳтимол дорад. Обуҳавошиносон ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш, Сурхоб, Обихингоб, Зарафшон ва Исфараро пешгӯӣ мекунанд.

Тифли сесолае, ки бо гуноҳи волидон нопадид шуда буд, шаби сардеро дар оғӯши сахраҳо ба сар бурду зинда монд

Ин ҳодиса чор рӯз пеш рух дода буд. Як тифли 3-сола аз беназоратии волидон нопадид шуд. Шаби сардеро дар бунаи сангу дарахту буттаҳои кӯҳистон ба рӯз расонд. Натарсид, шояд тарсида ҳам бошад, чун гуфта наметавонад. Ҷустуҷӯи пайвандон то дили шаб бенатиҷа анҷом шуд. Рӯзи дигар бо талоши имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.