Activities calendar

25 майи 2021

Анҷоми омӯзишҳои дурӯзаи барномаи маълумот дар бораи офатҳои “DesInventar-Sendai”

Таҳлилгарони Тоҷикистон дар тамрини истифодаи барномаи идораи маълумот дар бораи офатҳои DesInventar-Sendai” ширкат карданд ва дар фаъолиятҳои муқобила бо офатҳо ҳисса гузоштанд. Ин семинар аз ҷониби Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи таҳқиқотии CIMA ва Маркази осиёии омодагиҳо ба офатҳо (ADPC) бо дастгирии Иттиҳодияи Аврупо ташкил карда шуд. Омӯзиши мазкур дар доираи ташаббусҳои...

Шумори ҷонбохтагон аз Covid-19 дар олам ба 3,5 миллион наздик мешавад. Аргентина дубора ба карантин меравад

Теъдоди мубталоён ба коронавирус дар олам ба 168 миллиону 011 ҳазору 793 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 156 ҳазору 978 нафар гирифтори ин вирус шуданд ва 3 758 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагон аз Covid-19 ба 3 миллиону 488 ҳазору 198 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 149 миллиону 448 ҳазору 052 нафар шифо ёфтаанд.

Пайдо шудани ҷасади ҷавонзани ношинос дар рӯди Варзоб. Даркушоӣ ва наҷоти духтарчаи танҳо

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар як хонаи баландошёна воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт дари баста хонаеро боз карданд, ки духтарчаи ҳафтсола дар дохили он монда буд.

Сигнали даъват ба ёрӣ ба шумори умумии “112” аз як сокини ин бино расид.