Activities calendar

19 майи 2021

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои хоҳишмандони таҳсил дар Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Русия озмун эълон мекунад

Муҳтарам хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”!  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабони таҳсил дар Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои солҳои 2021-2022 озмун эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонони аз 17 то 24-сола метавонанд ширкат кунанд.

Коронавирус дар олам дар шабонарӯзи гузашта

Шумори мубталоён ба коронвирус дар олам ба 163 миллиону 312 ҳазору 429 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ  7 178 нафар фавтиданд ва теъдоди ҷонбохтагон ба 3 миллиону 420 ҳазору 532 нафар расид.

Дар Ҳинд шабонарӯзи сипаришуда наздик ба 263 ҳазору 533 нафар гирифторон ба коронвирус сабт шуданд ва шумори...

Семинари коҳиши хатари офатҳои табиӣ

18 – уми майи соли 2021 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раёсати коҳиши хатари офатҳои табиии СММ бо иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар самти коҳиши хатари офатҳо семинар баргузор карданд.

Мақсади ин семинар муаррифии равиши муназзам ба коҳиши хатари...

Хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони зарардидаи Гулистони ноҳияи Восеъ поккорӣ мешаванд

18-уми моҳи майи соли равон дар ҳудуди деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ гузаронида шуданд.

Аз ҷумла 15 хонаи истиқоматӣ, 25 қитъаи наздиҳавлигӣ ва 350 метр роҳ аз лойю лойоба ва ҳар гуна селовардҳои тоза карда шуданд. Қаламрави 89 хонаи истиқоматӣ бо маҳлули хлордор поккорӣ карда шуд.

Идомаи корҳои баратарфсозии паёмадҳои офати табиӣ дар Кӯлоб (ВИДЕО)

Дар қаламрави шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома доранд. Барои ҳамоҳангсозии корҳо миёни вазорату идораҳо, ҳамчунин сари вақт расонидани кумакҳо ба аҳолии зарардида аз аввалин рӯзҳои рух додани офатҳои табиӣ Ситоди ҷумҳуриявии бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ташкил шуда буд.

Ҳар рӯз нимаи аввали рӯз Ситод шаҳрвандонро...