Наҷоти ду кӯдак дар як лифти харобшуда. Яке 8-солаву дуюмӣ якмоҳа
Чоп шуд: 26/05/2021 | admin![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/lift_0.jpg?itok=mXVnO_Ir)
Рӯзи 25.05.2021 соати 20:40 дақиқа як сокини ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдорӣ хабар дод, ки лифти баландошёна дар кӯчаи Асадулло Ғуломов вайрон шудааст ва ду фарзанди ӯ дар дохили он мондаанд.
Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳзолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 20:44 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 21:09 дақиқа дари лифтро кушода, шаҳрвандонро бароварданд.