Activities calendar

17 майи 2021

Марги ду ноболиғ дар рӯди Душанбе. Сеюмӣ наҷот ёфт, вале дар ҳоли вазнин бистарист

Рӯзи 16 – уми майи  соли 2021 тахминан соатҳои 16:27 се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд. Ду нафар ба ҳалокат расиданд, якеро наҷот доданд ва он ҳам дар ҳоли вазнин дар бемористон аст. Сабаб беназоратии волидон.

Чуноне, ишора рафт, ин ҳодлиса наздикиҳои бегоҳ рух дод.

Ширкати тими КҲФ дар Рӯзи Дави миллӣ

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Дави миллӣ ширкат намуд. Имсол рӯзи дави миллӣ рӯзи 16-уми май баргузор шуд ва дар он беш аз 100 нафар кормандони идораи наҷоти кишвар иштирок карданд.

Дар қатори ҳазорон иштирокчиёни дигар, ки аз мақомоти

COVID-19: Шумори олудаҳо ба коронвирус дар олам аз 163 миллион ва ҷонбохтагон аз 3,3 миллон гузашт

Шумори гирифторон ба коронвирус дар олам аз 163 миллион гузашт (163 728 900) ва шабонарӯзи гузашта боз 658 585 нафар ба ин вирус сироят шуданд. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зарфи 24 соати гузашт 12 034 нафар фавтиданд ва шумори ҷонбохтагон дар олам аз аввали ҳамагирӣ ба 3 миллиону 393 ҳазору 648 нафар расид.

Кишварҳое, ки аз ҳама бештар мубтало ба коронавирус доранд:

Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар Кӯлобу Восеъ. Вазъи 1638 хонаи осебдида санҷида шуд

Дар шаҳри Кӯлоб ва деҳаҳои ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки рӯзҳои 11-12-уми май аз сел зарар дида буданд, бо ҳамоҳангсозии Ситоби доимамалкунандаи фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо сокинон ва ширкати як қатор вазорату идораҳо  корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.

Вазъи минтақаҳои офатзадаи ноҳияи Вахш то ба ин соатҳо. Шарҳи расмӣ

То имрӯз, 17-уми май Комиссияи бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои кишвар барои  расонидани умак ба офатдидагон аз сел дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон як силсила корҳои муфидро ба анҷом расонд. Дар минтақа Ситоди фаврӣ таҳти сарпарастии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода