Activities calendar

08 майи 2021

ФАВРӢ: Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ. Талафоти ҷонӣ нест (ВИДЕО)

Бар асари боронҳои шадид дар қаламрави деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ фурӯравии замин ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 15 хонаи истиқоматии сокинон ва 100 гектар замини кишт фурӯ рехт.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш ва марги одамон дар мавриди интиқоли 167 хоҷагӣ ба маконҳои...

Роҳадозии корҳои соҳилбандӣ дар соҳили “Баҳри тоҷик” ва дарсҳои мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030», инчунин ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими боронгариҳо, пешгирии рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи селу обхезиҳо рӯзи 7-уми майи соли...

Ҳалокати боз ду кӯдак дар кишвар. Волидонро ба масъулиятшиносӣ даъват мекунем!!!

Боз хабари марги як кӯдак дар Тоҷикистон, ки сабабгори аслӣ волидонанд. Падару модароне, ки онҳоро беназорат мегузоранд, худро саргарми корҳои дигар мекунанд ва як ҷони ҷавонро аз даст медиҳем. Хонае мотамкада, аммо дигар аз ин доду войю рӯканиву мӯканӣ чӣ суд? Падару модарон! Масъулияшинос бошед, нагузоред, ки ҷигарбандонатон бармаҳал зери хок шаванд!

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар театр

7 майи соли 2021 года бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии худ хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов рафтанд.

Ин бегоҳ барои биннадагон намоиши “Зани оҳанин”...

COVID-19: Ҳинд дар шумори мубталоён ба коронавирус дар олам дуюм шуд

Шоми 7-уми майи соли 2021 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 157 миллиону 400 ҳазору 521 нафар эълон намуд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам 3 миллиону 280 ҳазору 436 нафар ҷон бохтаанд.

Кишварҳое, ки бештар мутбалоён ба COVID-19 доранд: