Activities calendar

20 майи 2021

Мошин ба ғарами алаф бархӯрд ва оташ гирифт. Ҷузъиёти дигар аз таркиши "Дулан" дар Деваштич

Ҳамчуноне иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз, 20-уми май соати 9:30 дар ҷамоати  деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич автомошинаи  тамғаи “Дулан”, ки маводи сӯхт мекашид, дучори садама шуд ва таркид. Мошин мутааллиқ ба як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Гуфта мешавад, ки ин мошин аз Хуҷанд ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар ҳоли ҳаракат буд.

ФАВРӢ: Таркиши мошини тамғаи “Дулан” дар роҳи ноҳияи Деваштич. Ронанда ва мусофир дар беморхона бистарӣ шуданд

Субҳи имрӯз, соати 9:30 дар ҷамоати  деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич автомошинаи  тамғаи “Дулан”, ки бензин мекашид, дучори садама шуд ва таркид. Мошин мутааллиқ ба як сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Гуфта мешавад, ки ин мошин аз Хуҷанд ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар ҳоли ҳаракат буд.
Бино ба хабари расида ҳамроҳ бо ронанда боз як сокини 29-

ҲАВОИ НОМУСОИДИ РӮЗҲОИ ОЯНДА. КҲФ ба ронандагони мошинҳои сияҳшиша тавсия медиҳад, ки равуои шабонаи худро маҳдуд кунанд

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 22-уми майи соли 2021 ҳавои номусоид дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва навоҳии тобеъи марказ боқӣ мемонад. Омадани селҳои вайронкор эҳтимол дорад. То 23-уми моҳи май дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара болоравии сатҳи об дар назар аст.