Activities calendar

14 майи 2021

Ҳушдори Кумита ҳолатҳои фавқулодда: Хатари болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо зиёд аст!

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.

Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи...

Иттилои изтиробангези Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Штамми ҳиндии коронавирус дар 49 кишвар дида шуд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки зарфи як ҳафтаи охир штамми ҳиндуии коронавирус тавонист вориди 49 кишвари дигари олам шавад. Шумори умумии сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар кулли кишварҳо аз 160 миллион гузашт.

Шабонарӯзи гузашта дар Олмон 17 419 мубталои нав ба  COVID-19 ба қайд гирфита шуд ва дар ин муддат 278 нафра ҷони худро аз даст доданд. Маврид ба ёдоварист, ки пештар дар як шабонарӯз дар Олмон 14 909 сироятшудаи навро ба қайд гирифта буданд.

Баргузории ҷаласаи сайёри РЕАКТ дар шаҳри Кӯлоб. Созмонҳои байналмилалӣ омодаи кумак ба зарардидагони сел шуданд

14 майи соли 2021 бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани амалҳои муассири муштарак барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ рух доданд, дар шаҳри Кӯлоби  вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Гурӯҳи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (REACT) баргузор шуд.

Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Вахш

Дар бораи селбориши рӯзи 11-уми мйи соли равон ва харобкориҳои он дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон муфассал хабар дода будем. Дар хабарҳо омада буд, ки сел дар ҷамоатҳои деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Ваҳдат ва Машъали ноҳияи Вахш низ зарар расонд ва дар натиҷа як нафар ҷони худро аз даст дод.

Охирин хабарҳо аз боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар. Сел ба харобкориҳои худ идома дод. Талафоти ҷонӣ набуд

Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, то 14-уми май дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва боронҳои пуршиддан идома хоҳанд кард. Дар натиҷаи боронҳои рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Чунончӣ, 13-уми май боронҳои пуршиддат боло рафтани