Activities calendar

18 майи 2021

Тӯфони харобкор дар Гуҷароти Ҳинд: Оё он аз минтақаҳои мо низ гузар мекунад?

Ҷамила Байдуллоева – сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд тӯфоне, ки аз субҳи имрӯз Гуҷароти Ҳиндро ба ҳам зад ва боиси харобиҳои зиёд ва нопадид шудани одамон шуд, ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ таъсире надорад. Ин соҳибмақоми Агентии ҳавошиносии кишвар ҳамчунин гуфт, ки тӯфони Ҳинд бо номи "Тауктае” ёд шуд ва махсуси ҳамон минтақа аст ва ба ҳавзаи Осиёи Марказӣ таъсире нахоҳад дошт.

Мулоқот бо омӯзгорону хонандагон ва волидон дар оғози мавсими оббозӣ

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар мавриди риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ дар соли 2021, корҳои тарғиботиву ташвиқотии пешгири ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳои ҳудуди шаҳр як қатор корҳои пешгирикунанда ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи гузашта аз тарафи кормандони бахши...

Мусобиқоти варзиши дар Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар асоси Накша чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Кумита ва чашни 30 солагии  Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Хадамоти зидди жолаи Кумита мусобиқаҳои варзишӣ доир шуданд.

Кормандони Хадамот дар намудҳои варзиши давидан,

Тӯфон дар Гуҷароти Ҳинд: 200 ҳазор нафар аз хонаҳои худ фирор карданд. 127 нафар нопадид шуданд

Як тӯфони шадид бо суръати 160 километр дар як соат иёлоти Гуҷароти Ҳиндро фаро гирифт. Тибқи охирин хабарҳо ситоди неруҳои дарёии Ҳинд эълон кард, ки як киштии борбарӣ дар об ғарқ шудаву 127 нафар дар соҳили Бомбай нопадид шуданд.

Ин гирдбод дар масири  соҳилҳои ғарбии Ҳинд ҳаракат мекунад ва то кунун аз кушта шудани 12 нафар гузориш

Ярч дар Деваштич 5 нафарро ҳалок кард

Ярч дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд панҷ нафарро ҳалок кард, ки яке аз онҳо тифли яксола буд. Ин ҳодиса рӯзи 17-уми майи соли 2021 тақрибан соати 14:00 – 14:30 дар деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти  Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич рух дод. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳодиса хеле ногаҳонӣ буд ва сабаби он  бунёди боғ дар теппаи