Activities calendar

12 майи 2021

Ҳалокати як пирзани 70-75 сола дар сели ноҳияи Вахш. Шумори қурбониён ба 9 нафар расид

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як пиразани ба тахмин 70-75 сола аз селе, ки бар асари боронҳои шадид ба деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш омад, ба ҳалокат расидааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин ҳодиса нисфишабии рӯзи 11-уми май, соати 23:20 дақиқа рух додааст.

13 сол пеш дар ҳамин рӯз. Зилзилаи харобкори Чин, ки беш аз 87 ҳазор нафарро кушта буд

Ин зилзила 12 майи соли  2008 соати 14:28 ба вақти Пекин дар вилояти Сичуани Чин рух дод. Созмони зилзиласанҷии Чин шиддати онро 8 М балл эълон намуд, тибқи маълумоти Хадамоти биологии ИМА 7,9 балл буд. Ин заминларза ба ҳадде шадид буд, ки онро дар Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Ветнам, Непал, Муғулистон, Русия низ ҳисс карданд.

Маркази зилзила дар 82-километрии...

Паёми шодбошии Пешвоми миллат ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт...

Партови 83 мушак дар фазои боронии панҷ минтақаи кишвар дар як рӯз

Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзи 11-уми майи соли равон барои бехатар кардани 32 минтақа жоларез ба фазои боронии панҷ шаҳру ноҳияи кишвар 83 мушак партов кард.

Аз ҷумла, бо партови 15 мушаки зидди жола 6 минтақа...

Идомаи бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар ду ноҳияи вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд ҷиҳати бартараф намудани оқибати сел, ки 4-уми майи воли 2021 дар ноҳияи Деваштич ва 6 – уми май дар ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шуда буд, корҳои зерин анҷом дода шуданд:

Дар ноҳияи Деваштич:

- дар деҳаи Росровути ҷамоати деҳоти Росровути...

Вазъ дар субҳи 12-уми майи соли 2021. Селҳои азим сабабгори харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуданд (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти субҳи рӯзи 12-уми майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона талафоти ҷонӣ доштанд.  Бар асари ин офати табиӣ хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт зарар диданд, иншоотҳои ёрирасон хароб шуданд, ҳамчунин роҳҳои мошингард