Activities calendar

29 майи 2021

Ду ғарқшуда дар рӯди Сир дар як рӯз. Наҷоти модари ду фарзанд дар рӯди Кофарниҳон

Зарфи як шабонарӯз ду нафар дар натиҷаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъи Сирдарё ба ҳалокат расидааанд. Дар хабари Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки яке аз ин афрод 15 сол доштаву дуюмӣ 19 сол. Яке зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дуюмӣ сокини шаҳри Панҷекат.