COVID-19: Бо вуҷуди вазъи нобасомон Ҳинд намехоҳад як карантини сартосарӣ эълон кунад

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Ҳинд аз 20 миллион нафар ҳам гузашт, вале ин кишвар ҳамоно намехоҳад як карантини сартосарӣ эълон кунад. Мавҷи дуюми ҳамагирӣ дар Ҳинд, ки аслан ба сабабҳои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва аз ҷониби ҳукумат лағв нашудани ҷашнвораҳои мазҳабӣ авҷ гирифт, ҳоло соҳаи тандурустии ин кишварро фалаҷ кардааст. Беморхонаҳо пур аз беморон ва мақмомот то кунун аз беш аз 222 ҳазор куштаи КОВИД-19 хабар додаанд.

Омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд то ба имрӯз дар саросари олам 3,2 миллион нафар бар асари сироят ба коронавирус ҷон бохтанд. Аз ҳама бештар одамон дар ИМА (578 ҳазор) Бразилия (беш аз 408 ҳазор), Мексика (зиёда аз 217 ҳазор), Британияи Кабир (беш аз 127 ҳазор) фавтиданд. Аммо коршиносон мегӯянд хеле ба зудӣ бо дар назардошти вазъ дар Ҳинд ин омор тағйир хоҳад ёфт.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ИМА бештар аз 49 ҳазор мубталои нав ба коронавируси SARS-CoV-2 сабт шуд.  

Дар Аргентина аз оғози ҳамагирӣ 65 202 нафар ҷон бохтаанд. Ҳамчунин зарфи 24 соати гузашта  26 238 сироятшудаи нав ба SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуд.

Италия аз марги 121 738 аз коронавирус аз оғози ҳамагирӣ хабар дод. Шабонарӯзи гузашта боз 305 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. 

Дар Исроил ду ҳодисаи гирифторӣ ба гунаи бразилии коронавирус сабт шудааст. Ин на штамми ягонаест, ки дар Исроил ошкор шудааст. Аз ин  пештар мақомот хабар дода буданд, ки 60 сироятёфта ба штамми ҳиндуро низ кашф кардаан.  

Вазорати корҳои дохилии Туркия тадбирҳи зиддикоронавирусро боз ҳам шадидтар мекунад. Аз 7-уми май дар корхонаҳои тиҷоратии Туркия, аз ҷумла мағозаҳои шабакавӣ ҳама гуна тиҷорат ба ҷуз савдои молҳои ниёзи аввал манъ мешавад. 

Дар Русия шабонарӯзи гузашта 7770 нафар чун гирифтори нав ба COVID-19 сабт шуданд. Аз ҳама бештар дар шаҳри Москав — 2050 (рӯзе пештар 2635 буд), Санкт-Петербург — 709 ва Подмосковйе — 625 мубталоён сабт шудаанд. Аз аввали пандемия дар ин кишвар 4 839 514 сироят шуда, зиёд аз 111 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Ӯзбекистон хабар дод, ки шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар аз аввали ҳам агирӣ 92 320 нафар расидааст ва 655 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд. 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки аз аввали сол дар кишвар ягон ҳодисаи нави мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз аввали ҳамагирӣ 13 308 нафар ба ин беморӣ сироят шуданд, 13 218 нафар пурра шифо ёфтанд ва 90 нафар фавтиданд.