COVID-19: Марги 4 ҳазор нафар дар як рӯз дар Ҳинд

Шумори фавтидагон аз коронавирус дар олам шабонарӯзи гузашта назар ба як рӯзи пеш 6% афзудааст ва сироятшудагон тақрибан дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 153 миллиону 954 ҳазору 491 нафар олуда ба ин вирус шудаанд ва 3 миллиону 221 ҳазору 052 нафар ҷон бохтаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ИМА бештар аз 40 ҳазор гирифторони нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ 933 нафар фавтиданд. 

Ҳодисаҳои гирифторӣ ба вируси корона дар Бразилия беш аз 77 ҳазор афзудааст. Зарфи 24 соати гузашта дар ин кишвар 77 329 нафар мубталоёни нав ба қайд гирифта шуданд ва 2966 нафар фавтидаанд. Аз аввали ҳамагирӣ 14 миллиону 856 ҳазору 888 нафар дар ин кишвар ба КОВИД-19 сироят шуда, 411 588 нафар ҷон бохтаанд. 

Ҳинд аз сирояти  беш аз 400 ҳазор дар як шабонарӯз ва марги 4 ҳазор нафар хабар дод. То ба имрӯз аз ин бемории маргзо дар Ҳинд 226 188 нафар ҷон бохта, шумори умумии мубталоён ба 20 миллиону 665 ҳазору 148 нафар расидааст. Суръати ҳамагирии корона дар Ҳинд зарфи ҳафтаҳои охир системаи беҳдошт ва дармониро башиддат таҳти таъсир қарор додааст.  

Дар Молдова шабонарӯзи гузашта 316 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шуд. Вазорати тандурустии ин кишвар эълон кард, ки шумори гирифторони SARS-CoV-2 аз аввали ҳамагирӣ ба 251 820 нафар расидааст ва аз ин беморӣ 5892 нафар фавтидаанд.  

Украина аз сирояти боз 2576 нафар ба SARS-CoV-2 зарфи як шабонарӯзи гузашта хабар дод. 1671 нафар дар беморхонаҳои бистарӣ карда шуданд ва 161 нафар ҷони худро аз даст доданд.  Бештари мубталоёни  нав дар вилоятҳои Харков ва Донетск – аз 405 то 287 нафар ба қайд гирифта шуданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 2 миллиону 90 ҳазору 986 нафар олуда ба COVID-19 шуданд ва 45 077 нафар фавтиданд.

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Белорусия беш аз 1,1 ҳазор мубталоёни нав ба COVID-19 сабт шуданд ва шумори умумии беморони гирифтор ба коронавирус ба 363 732 нафар расид. Аз ин беморӣ 2592 нафар ҷон додаанд.

Русия аз гирифтории боз 7975 нафар ба COVID-19 хабар дод ва аз ин вирус 360 нафар ҷон бохтанд. Бештари сироятшудагон дар шабонарӯзи гузашта дар шаҳрҳои Москав — 2432 (рӯзе пештар 2050 буд), Санкт-Петербург — 711 ва Подмосковйе — 601 ба қайд гирифта шуданд. Аз аввали пандемия дар Русия 4 847 489 ҳодисаи мубталоӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 111 895 нафар фавтиданд.

Дар Қазоқистон зарфи 24 соати сипаришуда 2298 ҳодисаи нави гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён ба 332 369 нафар расид. Аз аввали моҳи март шумори сироятшудагон шабонарӯзӣ дар кишвар пайваста рӯ ба афзоиш дорад. 

4 – уми майи соли равон Ӯзбекистон аз ифшои боз 404 гирифтори коронавирус хабар дод ва теъдоди умумии мубталоён дар ин кишвар ба 92,7 ҳазор нафар расид. Аз миёнаҳои моҳи март дар Ӯзбекистон болоравии шумори сироятшудагони шабонарӯзӣ ба қайд гирифта мешавад. Субҳи имрӯз вазорати тандурустии ин кишвар шумори дақиқи мубталоён ба COVID-19-ро 92724 нафар ва фавтидагонро 655 нафар эълон крад.