Ширкати тими КҲФ дар Рӯзи Дави миллӣ

Тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Дави миллӣ ширкат намуд. Имсол рӯзи дави миллӣ рӯзи 16-уми май баргузор шуд ва дар он беш аз 100 нафар кормандони идораи наҷоти кишвар иштирок карданд.

Дар қатори ҳазорон иштирокчиёни дигар, ки аз мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекарданд, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ба роҳ баромаданд ва масофаи 10 километрро давиданд. 

Мусобиқа бори дигар нишон дод, ки наҷотдиҳандагон дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор доранд ва тарзи ҳаёти солимро таблиғ мекунанд.

Инчунин, кормандони раёсатҳо ва шӯъбаҳои тобеи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пойгаҳои саросари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

барчасп: