ФАВРӢ: Таркиши мошини тамғаи “Дулан” дар роҳи ноҳияи Деваштич. Ронанда ва мусофир дар беморхона бистарӣ шуданд

Субҳи имрӯз, соати 9:30 дар ҷамоати  деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич автомошинаи  тамғаи “Дулан”, ки бензин мекашид, дучори садама шуд ва таркид. Мошин мутааллиқ ба як сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Гуфта мешавад, ки ин мошин аз Хуҷанд ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар ҳоли ҳаракат буд.

Бино ба хабари расида ҳамроҳ бо ронанда боз як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сафар мекард.

Ҳам ронанда ва ҳам мусофири мошин бо осеби ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Деваштич бистарӣ карда шуданд. Аз вазъи саломатии онҳо гузориш дода нашудааст.

Сабаби ин таркиш маълум нест.

Дар айни замон масъулини Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса сабабтҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. 

Ш. Бутаева