COVID-19: Ҳинд дар шумори мубталоён ба коронавирус дар олам дуюм шуд

Шоми 7-уми майи соли 2021 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 157 миллиону 400 ҳазору 521 нафар эълон намуд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам 3 миллиону 280 ҳазору 436 нафар ҷон бохтаанд.

Кишварҳое, ки бештар мутбалоён ба COVID-19 доранд:

ИМА 33 370 877

Ҳинд — 21 886 611

Бразилия — 15 005 928

Фаронса — 5 747 214

Туркия 4 998 089

Русия — 4 863 514

Шабонарӯзи гузашта дар Ҳиндустон 414 188 сироятшудаи нав ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 21 миллиону 491 ҳазору 598 нафра расидааст. Ҳинд дар шумори сироятёфтагон ба КОВИД – 19 баъди ИМА дар ҷойи дуюм аст. То кунун дар ин кишвар аз ин беморӣ 235 ҳазору 083 нафар фавтидаанд. 

ИМА аз сирояти боз беш аз 47 ҳазор нафар зарфи 24 соати охир хабар дод. Шумори умумии гирифторон ба беш аз 32,6 миллион нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта 789 нафар фавтида ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 580 064 нафар расидааст. 

Дар Британияи Кабир шаби гузашта 2490 ба SARS-CoV-2 сироят шудаанд ва шумори уммуии мубталоён ба ин беморӣ ба 4 миллиону 431 ҳазору 043 нафар расидааст. Ин кишвар аз марги 127 589 нафар бар асари COVID-19 хабар медиҳад.

Италия хабар дод, ки аз аввали ҳамгирӣ 122 ҳазору 470 нафар шаҳрвандонаш аз COVID-19 ҷон бохтаанд ва танҳо шабонарӯзи гузашта 207 сироятшуда ҷони худро аз даст додааст. Шумори умумии мубталоён 10 554 нафар эълон шудааст.

Дар Шветсия шумори фавтидагон аз коронавирус дар як шабонарӯз назар ба рӯзҳои қаблӣ 15 нафар афзудааст. Манбаъҳои вазорати тандурустии ин кишвар теъдоди уммии мубталоён ба коронавирусро 1 007 792 нафар медонанд. 

Вазорати тандурустии Лаҳистон маълумотҳои нав дар бораи сатҳи гирифторӣ ба КОВИД-19 дар ин кишварро расонаӣ кард. Дар он гуфта мешавад, ки шабонарӯзи гузашта 6 047 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шуда, 453 нафар аз COVID-19 фавтидаанд.  

Дар Юнон зарфи 24 соати сипаришуда беш аз 2,6 ҳазор нафар чун гирифтори нав ба SARS-CoV-2 сабт шуданд ва шумори умумии мубталоён ба 358 116 нафар расидааст. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 10 910 нафар ҷон бохтаанд. 

Рӯзи 6-уми май вазорати беҳдошти Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кард, ки шумори фавтидагон аз вируси корона дар кишвар аз 73 ҳазору 900 нафар гузашт, ин ҳам дар ҳолест, ки зарфи 24 соати гузашта дар ин кишвар аз коронавирус 338 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ҳамин хабар гуфта мешавад, ки шабонарӯзи гузашта 18 409 сироятшудаи нав сабт шуда ва 2441 нафар дар бемористонҳо бистарӣ карда шудаанд.   

260 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро дар Молдова ба қайд гирифтаанд. Шумори мубталоён аз аввали пандемия ба 252 413 нафар расида, аз ин беморӣ беш аз 5,9 ҳазор нафар фавтидаанд. 

Русия аз сирояти боз 8386 нафар ба COVID-19 хабар дод ва 376 тан дар 24 соати гузашта фавтидаанд. 14 дарсади сироятёфтагон нишони ин бемориро надоранд. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Москав  — 2846, Санкт-Петербург — 722 ва  Подмосковйе — 608 мубталоёни нав сабт шудаанд.

Дар Ӯзбекистон шабонарӯзи гузашта 421 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Тошканд 239 нафар, дар вилояти Тошканд 77, вилояти Самарқанд 54 мубталоёни навро сабт карданд. Шумори умумии гирифторон ба COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 93 597 нафар расидааст.