Covid-19: Гирифторон дар олам ба 161 миллион наздик мешавад, шумори ҷонбохтагон аз 3,3 миллион гузашт

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар олам 717 513 мубталои нав ба коронавирус сабт гардид ва 13 043 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо пахши ин омор шумори умумии гирифторон ба коронавирус дар оламро аз оғози ҳамагирӣ 160 миллиону 813 ҳазору 869 нафар эълон кард. Аз аввали пандемия дар олам 3 миллиону 339 ҳазору 002 нафар аз КОВИД-19 фавтиданд. 

Дар қаламрави Ҳинд зарфи шабонарӯзи гузашта бештар аз 334 ҳазор гирифтори нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии мубталоён дар ин кишвар аз 24 миллион нафар гузашт. Аз оғоз то кунун аз ин беморӣ дар Ҳинд 262 317 нафар ҷон бохтанд. Як рӯз пеш дар ин кишвар 362 727 гирифтори навро ба қайд гирифта буданд. 

Дар қаламрави ИМА шабонарӯзи сипаришуда бештар аз 38 ҳазор мубталои нав сабт шуд ва шумори умумии гирифторон ба КОВИД-19 ба 32 миллиону 853 ҳазору 398 нафар расид ва аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ 584 495 нафар фавтиданд. 

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Олмон 17 419 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии гирифторон ба SARS-CoV-2  3 565 604 нафар эълон шуд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар ин муддат дар Олмон 278 нафар фавтиданд ва шумори ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 85 581 нафар расид. 

Дар Италия аз аввали ҳамагирӣ 123 927 нафар аз коронавирус фавтиданд, 339 606 нафар сироят шуданд. 

Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, ки шумори фавтидагон аз вируси корона дар ин кишвар ба 76 231 нафар расид, ин ҳам дар ҳолест, ки 297 нафари онҳо танҳо шабонарӯзи гузашта тарки олам карданд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ 747 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ва гуфта мешавад, ки 729 ҳодисаи он дар дохили кишвар сироят шуда, боқӣ аз хориҷ омадаанд. Ду рӯз аст, ки шумори мубталоёни шабонарӯзӣ беш аз 700 нафар эълон мешавад. Ҳамин тариқ шумори умумии мубталоён ба SARS-CoV-2 дар Кореяи Ҷанубӣ ба 130 380 ва фавтидагон 1893 нафар расидааст.

Дар Русия теъдоди мубталоён ба коронавирус зарфи 24 соати гузашта 9462 нафар афзудааст ва ин болотарин омори гирифторони шабонарӯзӣ дар ин кишвар аз 20-уми марти соли равон аст. Бештари сироятёфтагони нав (3818 нафар) дар шаҳри Москав ошкор шудааст. Духтури бемориҳои сироятӣ Николай Малиш далели афзоиши гирифторон ба коронавирусро ба идҳои моҳи май рабт додааст. Шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург  739, вилояти Москав 648 сироятшудагони нав ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар Русия 4 миллиону  922 ҳазору 901 ва фавтидагон 115 116 нафар эълон шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки аз ин беморӣ 4 миллиону 537 ҳазору 634 нафар пурра муолиҷа шудаанд. 

Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2549 мубталои нав сабт шуд. Аз ҳама бештар дар шаҳрҳои Олмаато (557), Нур Султон (452) ба қайд гирифта шудааст. То ба имрӯз дар Қазоқистон 407 024 нафар гирифтор ба вируси корона шудаанд ва теъдоди ҷонбохтагон  ба 4868 нафар расидааст. Вазорати тандурустии ин кишвар мегӯяд аз аввали моҳи март шумори гирифторон ба КОВИД-19 рӯ ба афзоиш овардааст. ​

Шумори гирифторон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 96 117 нафар ва ҷонбохтагон ба 667 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта касе дар ин кишвар аз  Covid-19 нафавтидааст.