Идомаи корҳои баратарфсозии паёмадҳои офати табиӣ дар Кӯлоб (ВИДЕО)

Дар қаламрави шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома доранд. Барои ҳамоҳангсозии корҳо миёни вазорату идораҳо, ҳамчунин сари вақт расонидани кумакҳо ба аҳолии зарардида аз аввалин рӯзҳои рух додани офатҳои табиӣ Ситоди ҷумҳуриявии бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ташкил шуда буд.

Ҳар рӯз нимаи аввали рӯз Ситод шаҳрвандонро қабул мекунад, арзи онҳоро мешунавад ва баъди он гурӯҳе аз мутахассисон барои ҳалли мушкили ҷойдошта ба минтақа сафарбар мешаванд ва охири рӯз корҳои анҷомдодашуда ҷамъбаст карда мешаванд.   

Ҳафтае ду маротиба ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалливу ноҳиявиву вилоятӣ баргузор мешавад.

18 – уми майи сол 2021 корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар кӯчаҳои Садиков, Хати Роҳ, Корвонгузар, Нонвойи Поён, Суғдиён, Чармгарони Поён ва Нурафшони шаҳри Кӯлоб гузаронида шуданд. 

Дар роҳандозии корҳои барқароркунӣ хизматчиёни ҳарбӣ, наҷотдиҳандагони КҲФ, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ВКД бо ҷалби техника  ширкат намуданд. 

Бо мақсади нобуд кардани хатари эҳтимоли аз ҳар гуна барангезандагони бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи ҷони аҳолӣ атрофи маконҳои зист бо ёрии химикатҳо ва доруҳои зиддиуфунӣ поккорӣ карда мешаванд.   

Танҳо рӯзи 18-уми майи соли равон дар қаламрави 1825 хонаҳои истиқоматӣ ва кӯчаҳо, ки масоҳати умумиашон 712550 метри мураббаъ мебошад, корҳои зиддиуфунӣ гузаронида шуданд. Барои ин 360 литр маҳлули гипохлориди натрий ва 1025 кило гаипохлориди калсий истифода шуд.

Бо дастгирии Ситоди ҷумҳуриявӣ аҳолии зарардида бо ғизои гарми севақтина таъмин карда шудаанд, дар маҳалҳои осебдида нуқтаҳои назорати тиббӣ ташкил карда шудаанд. Ҳолати беҳдоштии минтақа зери назорат аст.

Корҳои барқарорсозии харобаҳо ва бартараф намудани оқибатҳои сел идома доранд.