Марги ду нафар дар оби Роштқалъа дар як рӯз

Яке марди баркамолу дигари тифлаки аз сад гул як гулаш ҳам нашукуфта. Яке солманду зиндагидида ва дуюмӣ духтарчаи чорсолае, ҳанӯз аз бозиҳои тифлӣ ҳам сернашуда. Яке худкушӣ кардаву дуюмӣ дар ҷӯй сарозер шуда.

25-уми майи соли 2021 тахминан соати 04:00 дақиқа як сокини деҳаи Занизи ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа аз хона баромадаву бедарак шудааст.

Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд маълум гаштааст, ки номбурда ба кадом сабаби номаълум худро дар оби дарёи Шоҳдара ғарқ кардааст.

Аҳолии деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва аз об берун оварда ба соҳибонаш супрдаанд.

Гуфта мешавад, ки ин мард 65 сол дошта, соҳиби 7 фарзанд будааст. 

Ва боз ҳам дар Роштқалъа

Бегоҳии рӯзи 25-уми май, соати 18:30 дақиқа як тифли 4-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сежд, деҳаи Навобод  аз беназоратии волидон дар ҷӯйдори назди хонаашон афтидаву ба ҳалокат расидааст. Ин тифл духтарча буда, беруни дар танҳо бозӣ мекардааст. 

Кӯдаконро эҳтиёт кунед. Беназорати метавонад оқибати фоҷеабор дошта бошад.