Номаи сипос. Таассуроти як ширкаткунандаи давраи омӯзишӣ аз ҷараёни омӯзиш

Дар асоси мактуби №45/1-669 аз 18 май соли 2021-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба курси омӯзишӣ доир ба самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ рӯзҳои 27.05 то 28.05.2021 гузаронида мешуд, бо пешниҳоди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, эъзом шудам.

Тибқи нақшаи кориам пас аз ба даст гирифтани даъват, субҳи 27.05 роҳ сӯи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ пеш гирифтам. Бо ворид гардидан ба маркази мазкур сарбозони муҳофизи муассиса маро хуш пазируфтанд. Ҳамзамон маро ба маҷлисгоҳи марказ роҳнамоӣ карданд ва дар он ҷо 16 нафар намояндагони сохторҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи кор бо занон ва оила штирок доштанд.

Мутасаддиён моро бо мақсад ва мӯҳтавои курси омӯзишӣ шинос намуданд. Дар рафти омӯзиши дурӯза моро ба тартибу низоми соҳа аз ҷумла:

“Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ”, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, ҚҶТ “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, ҚҶТ “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» Ҳифзи аҳолӣ аз моддаҳои радиатсионӣ ва моддаҳои сахттаъсири заҳролуд”. ҚҶТ “Дар бораи бехатарӣ аз сухтор”. Гузаронидани чорабиниҳои зиддисухторӣ, Бартрафсозии сухтор. ҚҶТ“. Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок. Пешгирӣ ва бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодда дар иншоотҳои саноатӣ”, ҚҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм». Ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти иҷтимоидошта. Қарори ҲҶТ №833 аз 31.12.2014 “Дар бораи сохтор ва тартиби Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда”, Қарори ҲҶТ № 699 аз 30.12.2009 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории чорабиниҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда”. Маҷмуи чорабиниҳои муҳофизатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ аз яроқҳои кимёвӣ ва биологӣ воқиф намуданд.

Дар рӯзи дуюм моро дар тамрингоҳи марказ афсарон ба мо намунаи кори худ аз рафти наҷотдиҳӣ ва намунаи ҳодисаҳо нишон доданд ва ман низ ба хотири итминон пайдо кардан бо кӯмаки афсарон аз баландии бино бо таноб ба замин фаромадам.

Воқеан дар муддати ду рӯз ман маълумоти ҷолиберо дар маркази зикргардида дастрас намудам, ки ин дар зиндагии ҳамарӯза ба кор меравад.

Ба ҳайати омӯзгорон ва мутахассисони омӯзишгоҳ изҳори миннатдорӣ ва қаноатмандӣ баён месозам, ки дар чунин муддати кӯтоҳ тавонистанд чунин маълумоти муҳими рӯзмараро ба мо фаҳмонанд.

 

Ҳасанҷон АЛАМШОЕВ,

сармутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии

барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарии

Кумитаи телевизион ва радио назди ҲҶТ

барчасп: