Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари эҳтимолии болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  аз 1 то 4-уми июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ бар асари гармоиш эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо вуҷуд дорад ва ин метавонад дар баъзе ҳолатҳо сабаби омадани селҳо шавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ, шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо худдорӣ намоянд.

Ғайр аз ин КҲФ як бори дигар ба онҳое, ки дар ин гуна ҷойҳо зиндагонӣ мекунанд, хотиррасон мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Сари вақт селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партову селовардҳо тоза намоянд, то дар сурати омадани сел он ба роҳи худ ҷорӣ шавад.

барчасп: